31 июли соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода бо сафири Шоҳигарии Марокаш дар Миср Муҳаммад Оят Ваълӣ баргузор гардид.
Нахуст сафири Тоҷикистон паёми табрики Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Подшоҳи Марокаш ба муносибати Рӯзи миллии он кишвар супорид. Сипас ҷонибҳо ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Марокашро дар арсаи байналмилалӣ баррасӣ карда, бар зарурати густариши равобит ва тақвияти заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвари дӯст таъкид намуданд.