10.09.2024 09:08
9 сентябр ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Аҳмад Ризо ташриф овард.
Зимни суҳбат Аҳмад Ризо паёми табрикии шифоҳии Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисиро ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.
Ҳамчунин доир ба имрӯзу ояндаи робитаҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Миср дар арсаҳои гуногун ва бозшавии имкону фурсатҳои нав барои густариши муносибатҳои барои ҳарду кишвар судбахш суҳбати созанда сурат гирифт.