Қосимӣ Заробиддин

23.11.2020 10:20

Kosimi.jpg

Қосимӣ Заробиддин

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср

 

Қосимӣ Заробиддин (Сироҷов Заровудин Қосимович) 4 ноябри соли 1967 таваллуд шудааст.

1974-1984 -таҳсил дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ;

1984-1991 - таҳсил дар шуъбаи забони арабии факултаи Забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

1986-1988 - хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ;

1991-1992 - муаллими забонҳои арабию форсӣ ва забону адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 48 шаҳри Душанбе;

1992-1993 - ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи Ҳуқуқ ва фалсафаи Шарқи Академияи илмҳои Тоҷикистон;

1993-1996 - нозир ва нозири калони Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ;

1996-2005 - сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа ва котиби матбуотии вазири мудофиаи Тоҷикистон;

2005-2015 - машваратчии калони Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонва муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2015-2016 - директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2016-2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ;

Аз 31 августи соли 2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср.

Оиладор ва падари шаш фарзанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg