Вохӯрии Сафир бо Вазири саёҳат ва осори Миср

24.11.2020 12:35

23 ноябри 2020 дар Қоҳира Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Вазири саёҳат ва осори ин кишвар Холид Ал-Инонӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва осорхонадорӣ баррасӣ шуданд. Бо  дарназардошти имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳар ду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид доштанд. Аз ҷумла зикр гардид, ки хатсайри ҳавоии Душанбе-Шармушшайх ва давраҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ дар Миср барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва осорхонадории Тоҷикистон бояд аз нав ба роҳ монда шаванд.

24-11-1.jpg

24-11-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg