Табрикномаи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

25.10.2020 12:44

25-10.jpg

“Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Пас аз дуруду салом,

Боиси фараҳмандии инҷониб аст, ки паёми шодбошии худро ба Шумо Ҷаноби Олӣ ба муносибати интихоб гардиданатон ба мансаби Президенти кишвари дӯсти Тоҷикистон арз намоям.

Ман мутмаинам, ки аз нав интихоб шуданатон барои муҳлати нав ба мансаби Президентӣ ин шинохти воқеии Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба шумор рафта, аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми Тоҷикистон ба Шумо ҷиҳати идома додани ин рисолати сермасъул эътимод ва боварӣ дорад.

Ҳамчунин, ҷаноби Президент, мехоҳам рағбати ин ҷонибро ба ҳамкорӣ бо Шумо ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳоямон дар солҳои оянда бар нафъи ду ҷониб таъкид намоям.

Ҷаноби Олӣ, ба Шумо сиҳатмандӣ, бахту иқбол ва комёбиҳо дар иҷрои вазифаи ба ӯҳдаатон гузошташуда ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии боз ҳам бештарро таманно дорам”.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg