Мулоқот дар Вазорати корҳои хориҷии Миср

17.12.2020 15:31

15 декабри 2020 дар Қоҳира Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ториқ Ал-Васимӣ вохӯрд.

Дар мулоқот, ки бо иштироки масъулони вазорату идораҳои Миср дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ баргузор гардид, масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо бо дарназардошти имкону захираҳои мавҷуда зарурати афзудани ҳамкориҳои мутақобилан судмандро таъкид карданд.

IMG-4955.jpg

IMG-4951.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg