Мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ дар барномаи “Ҷаноби Сафир”

15.12.2020 14:15

15 декабр дар шабакаи дуюми телевизиони Ҷумҳурии Арабии Миср мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ дар барномаи “ҷаноби Сафир” пахш гардид.

Зимни мусоҳиба доир ба робитаҳои Тоҷикистону Миср дар соҳаҳои сиёсат, фарҳанг, иқтисоду тиҷорат, мубориза бо чолишҳои замони муосир ва таҳкими амну суботи минтақавӣ суҳбати ҷолиб сурат гирифт.

Муаррифии имкониятҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ бо истифода аз таҷрибаи ғании ҷониби мисрӣ ва захираҳои табиию инсонии Тоҷикистон аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

https://www.youtube.com/watch?v=PrjRiMZT4Ok

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg