Таҷлили рӯзи Президент дар Қоҳира

16.11.2020 19:26

16 ноябри соли 2020 дар Қоҳира ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шаҳрвандони тоҷики муқими Миср ҷамъомад баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ, ки нахустин дидори Сафири нави Тоҷикистон дар ин кишвар бо доираи васеи ҳамватанони муқими мо дар ин сарзамин буд, доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, таърихи муосири Ватани зебои мо, ки бешак ба заҳматҳои шаборӯзии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи зич дорад, суҳбати судманд ҷараён гирифт.

Заробиддин Қосимӣ таъкид дошт, ки иштироки бевосита ва саҳмгузории ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистони азиз дар таҳким ва устуворсозии пояҳои давлату давлатдории тоҷикон ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа дар шароити кунунии ҷаҳонию минтақавӣ ва дар ҳар давру замони дигар басо муҳим аст.

Тоҷикони муқими Миср дар навбати худ изҳор доштанд, ки барои таҳким ва густариши робитаҳои судбахши Тоҷикистону Миср дар ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла барои рушди ҳамкории фарҳангӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ёвару мададгори Сафорати кишвари худ дар Қоҳира хоҳанд буд.

IMG-4879.jpg

IMG-4773.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg