29 декабр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Директори генералии департаменти банақшагирии Муассисаи лоиҳаҳои миллии рушди Миср генерал Салоҳ Ҳилмӣ мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории иқтисодию саноатӣ ва таъминотӣ миёни сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ва ин муассисаи азими тобеъи Қувваҳои Мусаллаҳи Миср, ки масъули барномаҳои миллии рушди давлатӣ мебошад, баррасӣ шуд.
Бо назардошти имкону захираҳои фаровони мавҷуда ва ба хотири татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръати кишвар, ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои мустақими ҳамкорӣ миёни мақомоти зирабти Тоҷикистон бо ин муассиса ба роҳ монда шавад.