12 январ Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Раиси вилояти Ҷануби Синои ин кишвар Холид Фуда мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкорӣ бо ин вилояти Миср, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим бо минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Ҳамчунин доир ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун чун гардишгарӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ ва саноат табодули андеша сурат гирифт.