12 сентябр намояндаи хоси Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Аҳмад Ансорӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз номи Президент Абдуфаттоҳ Ас-Сисӣ ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира изҳори табрику таҳнияти самимӣ намуд.
Бо истифода аз фурсати муносиб миёни Сафири Фавйқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ ва намояндаи хоси Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Аҳмад Ансорӣ доир ба ҷанбаҳои гуногуни муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвари дӯст суҳбати босамар сурат гирифт.
Изҳори бовар карда шуд, ки табодули сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд, роҳандозии форумҳои соҳибкорон, барномаҳои муштараки фарҳангӣ ва дигар тадбирҳои дуҷониба ба таҳким ва густариши ҳамкории босамари ду кишвари дӯст мусоидати фаъол хоҳад намуд.