17 ноябри 2021 дар Қоҳира Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Дабири кулли Агентии мисрии шарокат барои рушд Муҳаммад Халил мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ байни кишвари мо ва Агентӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки Агентии мазкур тавассути баргузор намудани беш аз 170 давраи кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ барои беш аз 1300 нафар мутахассиси соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Миср саҳми назаррас гузоштааст