11.09.2020 09:35
«Хизматрасониҳои консулӣ»
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай дар доираи салоҳияти худ хизматрасониҳои зеринро пешниҳод мекунад:
- коркард ва судури раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ;
- ҷамъоварии маълумоти биометрии шаҳрвандони Тоҷикистон барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ;
- баррасии аризаҳои шаҳрвандон оид ба дархости аснодҳо, маълумотномаҳо;
- судури шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон;
- тарҷумаи ҳуҷҷатҳо
- таъйиди ҳуҷҷатҳо ва хизматрасониҳои нотариалӣ (дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон);
Эзоҳ: Дархостҳо вобаста ба хизматрасониҳои консулӣ дар рузҳои корӣ ( Душанбе то Ҷумъа аз соати 10:00 то 15:00,) қабул карда мешаванд.