«Қайди консулӣ»
Қайди консулӣ чист?
Қайди консулӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши худ ба Консулгарии генерали Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дар бораи ҷойи истиқомати муваққатӣ/доимӣ, ҷойи кор/таҳсил ва дигар маълумоти тамоси худро пешниҳод менамояд. Маълумоти мазкур метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ (масъалан: қатъ гардидани алоқа бо хешовандон ва наздикон) ба хешовандони/наздикони ӯ барои барқарор намудани алоқа/тамос кумак намояд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувақаттан ва ё дар асоси доимӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Туркия кору зиндагӣ ва ё таҳсил мекунанд, тавсия дода мешавад, ки худро дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гиранд.
Барои ба қайди консулӣ гирифтан шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
Ҳуҷҷатҳои болозикр ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истамбул шахсан пешниҳод карда мешаванд.
Эзоҳ: Бақайдгирии консулӣ ройгон мебошад.