19 октябри 2017 дар Душанбе машваратҳои консулӣ ва 5 марти 2019 дар Абӯ Забӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар машваратҳои сиёсӣ таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардиданд.
Дар ҷараёни нишастҳои мазкур маҷмӯи масъалаҳои консулӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангӣ ва башардӯстона, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.