Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ

01.07.2020 18:04

Тоҷикистон дар байни кишварҳои арабӣ бо АМА ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорати бештар дорад.

Мувофиқи маълумотҳо дар соли 2019 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо АМА 22,6 млн.доллари ИМА-ро ташкил дод, ки вазни хоси он дар ҳаҷми умумии тиҷорати берунаи кишвар  ба 0,6 фоиз баробар буд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 14 корхона бо иштироки сармоягузориҳои АМА фаъолияти худро дар соҳаҳои мухталифи иқтисод амалӣ менамоянд. Аз ҷумла ҶДММ «Доро оҳангар» воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат барои истеҳсол ва коркарди пӯсти чорво, 3 ширкати истеҳсолкунандаи маводи дорувории АМА ба миқдори 32 намуди маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ба истифода додани Нерӯгоҳи барқӣ обии хурди «Ориён» дар ноҳияи Ванҷ ва Нерӯгоҳи барқӣ обии хурди «Ориён» бо иқтидори 800 кВт дар дарёи Ванҷоб мебошанд.

Қобили зикр аст, ки дар давраи солҳои 2007-2016 аз ҷониби сармоягузорони АМА ба иқтисодиёти Тоҷикистон 159,3 млн. долл. ИМА сармояи хориҷӣ дар шакли қарзҳои имтиёзнок ва дигар воситаҳои молиявӣ ворид гардидааст, ки аз онҳо 72,7 млн. долл. ИМА сармоягузориҳои мустақим ва 86,7 млн. долл. ИМА қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида мебошад.

Шоёни ёдоварист, ки дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона аз ҷониби Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид ба зарардидагони офати табиӣ дар Тоҷикистон 12 млн. доллари ИМА ҷудо гардид, ки аз он 6 млн. доллари ИМА мавриди татбиқ қарор гирифт. Инчунин дар соли 2018 аз ҷониби Муассисаи хайриявии Муҳаммад бин Рошид маблағи нақдии 272 ҳазор доллари ИМА барои харидории мошинҳои боркаш ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ба Муассисаи давлатии Гастроэнтэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ $54,380 доллари ИМА кумаки башардӯстонаи молиявӣ расонида шуд.

Нигористон

Тақвим