Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Боку

29.06.2022 15:07

28 июни соли 2022 дар шаҳри Боку ба ифтихори таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Солӣ оид ба нақши таърихии Ваҳдати миллӣ дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, марҳилаҳо ва роҳҳои расидан ба сулҳу Ваҳдати миллӣ суханрони намуд. Ӯ махсусан нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ноил шудан ба сулҳу ваҳдати кишвар таъкид намуд.

Сипас, ӯ ба ҳозирин оид ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият, инчунин аз сиёсати дохилию хориҷӣ ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар маълумот дод.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон, Миллӣ Меҷлиси Озарбойҷон, сохторҳои гуногуни давлатӣ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Озарбойҷон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ иштирок доштанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg