Вохӯрӣ бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

29.06.2022 15:49

28 июни соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва узвияти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус дар Лисcабон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лю Женмин мулоқот кард.

Дар мулоқот натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки соли 2023 дар  Ню-Йорк баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.

29-06-2022-16-47.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg