Мулоқот бо и.в. Роҳбари Бунёди хайриявии Шориқа
18-уми августи соли 2022 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Илҳом Абдураҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Бунёди хайриявии Шориқа Муҳаммад Ҳамдон аз-Зарӣ баргузор гардид.
Ҳангоми вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор дода, бо ибрози қаноатмандӣ барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.