Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай
11 ноябри соли 2022 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай чорабинии идона бо иштироки доираи васеи ҳамватанони муқими АМА баргузор гардид.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикитон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Консули генералии Тоҷикистон дар Дубай дар чорабинии идона суханронӣ намуда, ҳамватанонро бо ин санаҳои муҳими таърихӣ табрик намуданд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ намоиши нақшу нигораҳо ва кундалҳо ба меҳмонон пешкаш гардид.