5 июни соли 2023 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана баргузор гашт.
Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Комиссия, инчунин мавзуоти марбут ба амнияти озуқаворӣ, нақлиёт, иқтисоди сабз, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, обу иқлим, бахусус ташаббуси ҷадиди Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, масоили таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, таъкид гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan