11 октябри соли 2023 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Дубай Диловар Баҳромзода бо Роҳбари Сарраёсати иқомат ва кор бо
шаҳрвандони хориҷии Дубай Генерал лейтенант Муҳаммад Аҳмад ал-Маррӣ
баргузор гардид.
Ҳангоми мулоқот раванди хизматрасонии муҳоҷирон ва тартиби таҳияи
раводид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.
Ҷонибҳо вобаста ба сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда,
барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.