Давоми ҳафтаи ҷорӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Баҳромзода бо консулони генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷовидон Ҳусейнов, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Саломов, Ҷумҳурии Қазоқистон Ҷумабек Рауан, Федератсияи Россия Фомин Олег, Ҷумҳурии Беларус Лазерев Евгений ва Туркманистон Ихласгелди Амонов мулоқотҳо анҷом дод.
Зимни мулоқотҳо доир ба раванди кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳо табодули афкор сурат гирифт.
Вохӯриҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардиданд.