Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Дубай

20.04.2024 22:16

Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Дубай
20 апрели соли 2024 бо ташаббуси Сафорати ҶТ дар АМА ва Консулгарии ҶТ дар Дубай дар Меҳмонхонаи Гранд Ҳабтур бо иштироки намояндагони корпуси дипломатии муқими АМА, меҳмонони маҳаллӣ ва ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқими АМА ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ ҷиҳати муаррифии тамаддуни пурғановати миллӣ гӯшаи фарҳангӣ бо хӯроку шириниҳои наврӯзӣ ва хони ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, намунаҳои либосҳои миллӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ, созҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, ба намоиш гузошта шуданд.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg