Иштирок дар “Санъати ҷаҳонии Дубай”
4 майи соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Диловар Баҳромзода дар Намоишгоҳи “Санъати ҷаҳонии Дубай”, ки 2-5 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар Намоишгоҳ зиёда аз 4000 асарҳои рассомон аз 300 галереяҳои маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла асарҳои рассоми маъруфи тоҷик Азизҷон Мирзоев ба намоиш гузошта шудаанд.