Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи
байналмилалии китоб (ADIBF-2024) дар Абу Забӣ
Аз 29 апрел то 5 майи соли 2024 бо ташаббуси
Вазорати фарҳанги Амороти Муттаҳидаи Араб
даври 33-юми “Намоишгоҳи байналмилалии
китоб” (ADIBF-2024) таҳти шиори “Маконе, ки дар он достонҳои чаҳон бозгуӣ мегарданд” дар Маркази намоишгохи миллии Абу Забӣ (ADNEC)
баргузор гардид.
Дар Намоишгоҳ 1350 ношир аз 90 кишвари дунё иштирок намуда, китобҳои бадеию таълимӣ,
маҷаллаҳои илмию академӣ ва дигар навъи
интишороти хешро ба марази тамошо
гузоштанд.
Ба мақсади муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ,
таврих, фарҳанг, санъат ва тамаддуни ғании
миллати тоҷик, инчунин дастовардҳои даврони
истиқлолияти Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун
дар арсаи байналмилалӣ, кормандони Сафорат ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Амороти Муттаҳидаи Араб дар чорабинӣ ширкат
варзида, дар гуфраи махсус ҷудошуда барои
кишварҳои Осиёи Маркази ва бунёди минтақавии
мадании “Nomad Culture Foundation”, китобу
нашрияҳои гуногуни соҳавиро ба намоиш
гузоштанд.
***