9 майи соли равон Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва амороти шимолии Амороти Муттаҳидаи Араб дар маросими расмии хатми давраи бозомӯзии кӯтоҳмуддат барои кормандони мақомоти кишварҳои хориҷӣ дар Академияи Пулиси Дубай иштирок намуд.
Дар давраи бозомӯзии мазкур намояндагон аз 31 кишвари гуногун ба таҳсил фаро гирифта шуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбии худ табодули таҷриба намуданд.