Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 

31.01.2024 09:14

Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 

Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 19 декабри соли 1995 барқарор шуданд.

17 марти соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шуд. 20 апрели соли 2010 Амороти Муттаҳидаи Араб аввалин Сафири ғайримуқими худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Остона таъйин намуд.

8 октябри соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шуд ва фаъолияти худро аз аввали соли 2011 оғоз намуд.

18 майи соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифӣ Баҳодур Маҳмудзода сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъйин гардид (то кунун). Дар ҳоли ҳозир Сафири Фавқулодда ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Остона) Муҳаммад Саид Муҳаммад Ал-Ариқӣ мебошад

Аз таърихи барқарор намудани робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб сафарҳои мухталиф дар сатҳҳои олӣ ва баланд анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб соли 1995 бо даъвати асосгузори Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Зойид бин Султон Оли Наҳён анҷом ёфт.

Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2007 ва 2016 бо сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар намуда, масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабро дар мулоқот бо роҳбарони он кишвар таҳти баррасӣ қарор додаанд.

Аз 1 январи соли 2022 шаҳрвандони Амороти Муттаҳидаи Араб бидуни раводид метавонанд ба Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯз сафар намоянд. Ҳамчунин, аз 29 январи соли 2023 низоми рафтуомади бераводид миёни ду кишвар барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва махсус ба иҷро даромад.

Айни ҳол заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабро 27 санади байнидавлатию байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад.

Яке аз ниҳоди муассир ва муҳим дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону АМА оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ маҳсуб меёбад. Фаъолияти Комиссияи мазкур дар асоси Созишнома оид ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ аз 9 апрели соли 2007 ба танзим дароварда шудааст. Аз соли 2014 то ин ҷониб чаҳор ҷаласаи байниҳукуматӣ (майи соли 2014 дар ш. Абу Забӣ, апрели соли 2016 дар ш. Душанбе ва декабри соли 2017 дар Абу Забӣ, 29 июли соли 2021 (дар шакли маҷозӣ) доир гардидааст.

Ҷиҳати пайгирии доимии масъалаҳои дуҷониба дар асоси мувофиқаи тарафайн абзори гузаронидани машваратҳои сиёсӣ ва машваратҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шудааст. Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба аввалин ҷаласаи машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи муовинони вазири корҳои хориҷӣ моҳи марти соли 2017 дар ш. Душанбе ва аввалин ҷаласаи машваратҳои консулӣ моҳи октябри соли 2017 дар ш. Душанбе баргузор гардида буданд.

Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ низ дар ҳоли рушд қарор дошта, 25 феврали соли 2021 нахустин машваратҳои байнипарлумонӣ дар шакли маҷозӣ миёни аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб гурӯҳи дӯстии Тоҷикистону АМА фаъолият менамояд, ки ҳамасола аъзои гурӯҳи мазкур ба Тоҷикистон сафар карда, дар чорабиниҳои гуногуни байналмилалии фарҳангӣ, иштирок менамоянд.

Мавқеи ду кишвар нисбат ба масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ наздик ва ё яксон буда, дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ байни ду кишвар ҳамкории зич ба роҳ монда шудааст.

6-9 феврали соли 2023 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмонзода Усмоналӣ ҷиҳати иштирок дар мизи мудаввар оид ба ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб сафар кард.

29-30 сентябри соли 2023 намояндаи махсуси Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба Осиёи Марказӣ-вазири энергетика ва зерсохтори АМА Суҳайл Ал-Мазруӣ дар сарварии ҳайате аз сармоягузорон ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии он кишвар ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе инвест 2023” ба Ҷумҳуриии Тоҷикистон сафар кард.  Ал-Мазруӣ дар ҷараёни ин сафар бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа мулоқот намуд. Ҳамчунин 30 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Abu Dhabi Future Energy Company PJSC – Masdar” ба имзо расид.

19 октябри соли 2023 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад Ал-Ҷарвон, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 то 20 октябри соли 2023 ба Тоҷикистон сафар карда буд, доир гардид ва ду тараф мавзуи таъсиси дафтари минтақавии Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ дар Душанберо мавриди барасӣ ва тавофуқ қарор доданд. Аҳмад ибни Муҳаммад Ал-Ҷарвон дар ҷараёни ин сафар бо Раиси МН МО ҶТ ва ректори ДМТ низ мулоқот ва дар назди донишҷӯёни ин донишгоҳ суханронӣ намуд.

Ноябр, 2023

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg