Мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Дубай

16.09.2019 15:46

15-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Дубай мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Джумахонзода Джамшед Джурахон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Дубай Маҷид Сайф ал-Ғурайр баргузор гардид. ​Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ суҳбат намуданд. Инчунин, оид ба рафти омододагиҳо ба Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2020 ва иштироки Тоҷикистон дар он мубодилаи афкор сурат гирифт. ​Ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои минбаъда миёни палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар изҳори омодагӣ намуданд.

71030585-1426349764197517-3652292553312567296-n.jpg

70642582-1426349690864191-1235814261750497280-n.jpg

70417493-1426349490864211-1085005654906634240-n.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg