Мулоқоти Консули генералӣ бо и.в. Раиси Дафтари Вазорати корҳои хориҷии АМА дар Шориқа

10.09.2019 15:52

​8-уми сентябри соли 2019 мулоқоти арзи адаби Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва амороти шимолӣ Илҳом Абдураҳмон бо и.в. Раиси Дафтари Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Шориқа Шайх Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ал-Шамсӣ баргузор гардид. ​Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, фарҳанг ва маориф суҳбат намуданд. ​Ҷонибҳои барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд байни ду кишвари дӯст изҳори омодагӣ намуданд.

70947301-1422012234631270-3260974866043502592-n.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg