Дар партави иқдому ташаббусҳои наҷиб ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба ватан баргардонидани ҳамватанони дар хориҷа дармонда бино ба шуюи сирояти коронавирус, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА ва Консулгари генералии Тоҷикистон дар Дубай тадбирҳои заруриро андешида, бо шарикони рушд ҳамкории густурдаро дар ин самт ба роҳ монда, фаъолияти муштаракро идома дода истодаанд.
Дар ин робита, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар АМА бо арзи эҳтиром ба Ҳукумати АМА барои расонидани кӯмаки башардӯстонаи тиббӣ баҳри мубориза ва рафъи паёмадҳои сирояти коронавирус, инчунин ба Фонди хайриявии Ҳилоли аҳмари АМА, Фонди хайриявӣ ва башардӯстонаи Зойид бин Султон Оли Наҳён, Фонди Халифа бин Зойид Оли Наҳён, Фонди эҳсонкории “Ситораи файзбахш”-и Тоҷикистон, Ҷамъияти тоҷикони АМА ва як зумра соҳибкорони саховатпешаи тоҷику аморотӣ барои мусоидат ва кӯмаки хайрхоҳона ба шаҳрвандони муқими дармонда ва ниёзманди Тоҷикистон дар АМА дар моҳи шарифи Рамазон, илова бар ин, ба ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “ФлайДубай” баҳри ҳамлу нақли мусофирон изҳори ташаккур менамояд.