Мулоқот бо Роҳбари Идораи муҳоҷират ва корҳои хориҷии Дубай

30.09.2020 18:55

​30 сентябри соли 2020 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Илҳом Абдураҳмон бо Роҳбари Идораи муҳоҷират ва корҳои хориҷии Дубай Муҳаммад Аҳмад ал-Маррӣ баргузор гардид.

​Ҳангоми мулоқот раванди бақайдгирии муҳоҷирон ва тартиби таҳияи раводид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.

Ҷонибҳо вобаста ба сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg