21-уми октябри соли 2020 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Илҳом Абдураҳмон бо Дирктори Фонди “Дубай ал-Ато” доктор Ториқ ал-Қурқ баргузор гардид.
Ҳангоми вохурӣ ҷонибҳо доир ба имкониятҳои кӯмак барои бунёд ва бозсозии муассисаҳои таълимии миёна дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон суҳбат намуданд.
Ҷонибҳо вобаста ба сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.
![]()