Сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Дубай

06.03.2021 16:31

Аз 1 то 6 марти соли 2021 сафари кории ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавқат Бобозода ба шаҳри Дубай барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва омӯзиши таҷрибаи Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти басту банди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваи хушк доир гардид.

​Зимни сафари мазкур вохӯрии Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Дубай Маҷид ал-Ғурайр доир гардид, ки дар он имкониятиҳои содиротӣ ва сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ имкониятҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти гардиши мол, бахусус ташкили корхонаҳои муштарак, содироту воридоти молу маҳсулоти гуногун мавриди муҳокима қарор гирифт.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Дубай иттилоъ дод, ки бо мақсади муайян кардани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишварҳои Осиёи Маркзӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Палата гуруҳи кории махсус таъсис дода шудааст, ки имконияти воридоти молҳои содиротии ин кишварҳоро ба Дубай таҳлил менамояд. Шояд гурӯҳи кории мазкур омӯзиши ин масъалахоро аз Тоҷикистон огоз намояд.

​Ҳамчунин, ҳайати Тоҷикистон аз бузургтарин минтақаи озоди тиҷоратии Ҷабал Алии шаҳри Дубай, ки дар қаламрави он беш аз 8000 ширкат фаъолият намуда, дорои чор бандари бузурги обӣ мебошад, боздид намуданд. Дар доираи барнома вохӯрии Директори Агентии содирот бо Роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии “Чабал Алӣ JAFZA (DP World)” баргузор гардида, ҳайати Тоҷикистон аз таҷрибаи пешрафтаи беш аз 50 солаи минтақаи озоди тиҷоратӣ аз наздик шинос шуданд. Инчунин дар рафти вохӯрӣ имкониятҳои сармоягузорӣ ва содиротии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.

Тибқи барнома 3 марти соли 2021 вохӯрии Директори Агентӣ бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Шориқа Абдуллоҳ ал-Увайс баргузор гардид, ки дар рафти он ҷонибҳо доир ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи савдо, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва содиротӣ мол суҳбат намуданд.

Дар ҳошияи вохӯрӣ Бизнес форуми тиҷоратӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистон бо доираи соҳибкорони Шориқа оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самти басту банди меваи хушк ва содироти он (мева, асал, об ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ) ба Аморот мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт. Ҳайати Тоҷикистон инчунин аз намоишгоҳи Палатаи савдо ва саноти Шориқа, ки ба таври доимӣ амал мекунад, боздид намуда, бо молу маҳсулоти истеҳсолии Шориқа аз наздик шинос шуданд.

​Илова бар ин, мутобиқи барнома ҳайати Тоҷикистон аз ҷараёни фаъолияти ширкатҳои бузурги Дубай дар самти басту банди маҳсулот, ба монанди “Корис Пакинг”, “Рото Пакинг”, “Ҳасани Груп” ва “ДМСС” дидан намуда, бо роҳбарияти ширкатҳои мазкур доир ба масъалаҳои хатти технологӣ, таҷрибаи корӣ, намуди маҳсулот, ашёи хом ва дигар масъалаҳои вобаста ба истеҳсолот гуфтушунид анҷом доданд.

Дар вохӯриҳо ҳайати Агентии содиротро Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай ҳамроҳӣ намуд.

158827398-1915887268577095-6157085631629535477-n_thumb.jpg158958069-1915887468577075-2917247978664545505-n_thumb.jpg158494475-1915887398577082-1553689872019132177-n-1_thumb.jpg159238115-1915887445243744-7103077392063372945-n-1_thumb.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg