Вохӯрӣ бо Роҳбари Идораи рушди иқтисодии Дубай

24.03.2021 15:50

24-уми марти соли 2021 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Илҳом Абдураҳмон бо Роҳбари Идораи рушди иқтисодии Дубай Сомӣ ал-Қамзӣ баргузор гардид.

​Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, бахусус дастовардҳои сайёҳии Тоҷикистон суҳбат намуданд.

Инчунин, Консули генералӣ аз намоишгоҳи маҳсулотҳои истеҳсоли Дубай, ки дар бинои Раёсати рушди иқтисоди Дубай қарор дорад, дидан намуд.163664306-1928741197291702-5807148191684347055-n_thumb.jpg165069977-1928741210625034-9063889526977589817-n_thumb.jpg164359241-1928741243958364-6312689002517536614-n_thumb.jpg165104696-1928741237291698-4657753709528452848-n_thumb.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg