8 апрели соли 2021 мулоқоти маҷозии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл ал-Мазрӯӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо аз рушди пӯёи муносибатҳои Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати таҳкими ҳамкориҳо байни Душанбе ва Абу Забӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, башардӯстона ва ҳавопаймоӣ таъкид карданд.