Ҷорӣ гардидаи низоми бераводиди яктарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 52 кишвари хориҷӣ
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ба иттилоъ мерасонад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон таҳти № 464 аз 26 октябри соли 2021, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 низоми бераводиди яктарафа бо 52 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла бо Амороти Муттаҳидаи Араб аз 1 январи соли 2022 ҷорӣ шудааст. Шаҳрвандони хориҷии кишварҳои мазкур метавонанд аз 1 январи соли 2022 бо ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бе раводид ворид шаванд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати то 30 рӯз бимонанд.
https://drive.google.com/file/d/17NjyZBnpaB9isbEMwlbCgq905Hkbg79Y/view?usp=sharing
Ба кишвари сарсабзу зебои Тоҷикистон хуш омадед!