Вохӯрӣ бо Роҳбари Ниҳоди обу нерӯи Дубай

01.02.2022 19:34

Вохӯрӣ бо Роҳбари Ниҳоди обу нерӯи Дубай

 

1-уми феврали соли 2022 вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Илҳом Абдураҳмон бо Роҳбари Ниҳоди обу нерӯи Дубай Саид Муҳаммад ат-Тоир баргузор гардида.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мавриди тавваҷҷуҳи муштарак баррасӣ гардида, Консули генералӣ аз дастовардҳои ин ниҳод дар соҳаи обу нерӯ дидан намуд.

Инчунин Роҳбари Ниҳоди обу нерӯи Дубай барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд  оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” рӯзҳои 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе даъват гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg