Санаи 28 феврали соли 2022 чорабинӣ таҳти унвони "Имконияти содиротии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон" дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2020 Dubai бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзӣ, ширкатҳои ватанӣ ва муқими АМА баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш нақши калидии соҳаи кишоварзӣ дар рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таъмини амнияти озуқаворӣ таъкид гардида, ба ҳозирин маълумоти муфассал оид ба зарфияту имкониятҳои фаровони кишоварзии Тоҷикистон ироа гардид.