Гардиши мол байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.11.2019 09:20

Дар рушди робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ нақши муҳимро мебозанд. То имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳафт ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ду ҷаласаи машваратҳои сиёсӣ доир гардидаанд.     

Муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон рӯ ба инкишоф доранд. Имрӯз Афғонистон дар байни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон мақоми намоён дорад.

Дар соли 2018 мубодилаи мол байни ду кишвар 106 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки бештар аз 100 млн. доллари он ба содироти молҳои Тоҷикистон рост меояд. Он асосан аз содироти барқ, семент, маҳсулоти сохтмон, нӯриҳои минералӣ, хӯрока, меваҷот ва сабзавоти Тоҷикистон иборат аст.

Дар ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Афғонистон энергетика ва инфрасохтор-самти афзалиятнок аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 500 нафар шаҳрванди Афғонистон таҳсил доранд.  

Байни Тоҷикистону Афғонистон асоси қарордодиву ҳуқуқӣ сол ба сол тақвият меёбад. То ба имрӯз беш аз 80 санади ҳамкории дуҷониба, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд, ба имзо расидааст.

Нигористон

Тақвим