Муносибатҳои Тоҷикистон бо Афғонистон

29.11.2019 09:16

Равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 15 июли 1992 барқарор шуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон: Имом Шарофиддин, аз 13 октябри 2008.

Кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе: Сайидмаъсум Бадахш, аз 9 июни 2018.

Соли 2001 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кобул ба фаъолият шурӯъ намуд.

13 июли 1992 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе ифтитоҳ шуд.

Дар давоми 27 соли муносибатҳо, дар ҳошияи татбиқи Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек мулоқотҳои президентҳои ду кишвар солҳои 1996, 2001, 2006,  2013 ва 2016 дар Тоҷикистон ва солҳои 1993, 1995, 2010 ва 2014 дар Афғонистон баргузор гардида, дар ҷараёни онҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, обу энергетика, саноат, фарҳанг, тандурустӣ, оромии вазъ дар сарҳад ва ҳаллу фасли низои дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим