
Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон, ҳамзамон хароб гардидани бинову иншооти сершумор бар асари заминларзаи шадид дар музофоти Нуса-Тенггараи Шарқии Индонезияро бо таассуф ва андӯҳи амиқ дарёфт кардем.
Дар робита ба ин фоҷиа, мо таслият ва ҳамдардии самимиро ба пайвандони қурбониён ва инчунин ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия изҳор менамоем.
Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил ва ба мардуми Индонезия барои рафъи зудтари оқибатҳои офати табиӣ сабру пойдориро хоҳонем.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan
Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj