
18 августи соли 2026 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо Коршиноси мустақили СММ оид ба масъалаи таъсири қарзи хориҷӣ ва дигар ӯҳдадориҳои молиявии байналмилалии давлатҳо ба татбиқи ҳуқуқи инсон Аттия Варис баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои рушди устувор ва маблағгузории масъул табодули назар сурат гирифт. Ҷонибҳо ҳамчунин аҳаммияти ҳамкории байналмилалиро барои таъмини рушди устувор, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини ҳуқуқҳои он таъкид карданд. Дар ин замина, муовини вазир омодагии Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкории созанда бо СММ дар ин самтҳо тасдиқ намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan
Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj