Чорабинӣ бахшида ба муаррифии Маърӯзаи умумиҷаҳонии СММ доир ба вазъи захираҳои обӣ барои соли 2017

20.04.2017 16:27

Бо дастгирии Шуъбаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО  аз ҷониби Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмаато дар ҳамкорӣ бо Шабакаи минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба баланд бардоштани иқтидор дар соҳаи идоракунии захираҳои обӣ “CAR@WAN” ва Хазинаи ҷамъиятии Маркази “Мусоидат баҳри рушди устувор” чорабинӣ бахшида ба муаррифии Маърӯзаи умумиҷаҳонии СММ доир ба вазъи захираҳои обӣ барои соли 2017 ва вохӯрии машваратии миллӣ роҷеъ ба баррасии пешниҳоди лоиҳавии ЮНЕСКО оид ба “Коҳиш додани сатҳи осебпазирии аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ аз рахна шудани кӯлҳои пиряхӣ” санаи 14 апрели соли 2017 дар меҳмонхонаи Сирена баргузор гардид.

Боиси қайд аст, ки 22 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии захираҳои обӣ қайд карда мешавад. Дар доираи ҷашнвораи мазкур ҳамасола дар саросари ҷаҳон чорабиниҳо гузаронида мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани воқифӣ оид ба масъалаҳои истифодабарӣ ва беҳтар гардонидани идоракунии захираҳои обӣ равона гардидааст. Мавзӯи Рӯзи ҷаҳонии захираҳои обӣ барои соли 2017 “Обҳои корезӣ: сарвати омӯхтанашуда” муайян шудааст, ки аҳамияти муҳими коҳиш додани обҳои корезӣ ва такроран истифода бурдани онҳоро дар бар мегирад.  

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла  Барномаи рушди СММ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, ташкилоти байналмилалии «Оксфам», Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ширкат варзиданд.

Дар оғози чорабинӣ паёми Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии захираҳои обӣ (видео) пешкаш гардонида шуд.
Тибқи барномаи нишаст аз ҷониби намояндаи Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато бо мақсади фарогирии васеъ хулоса ва тавсияҳои Маърӯзаи СММ  “Обҳои корезӣ: сарвати омӯхтанашуда” муаррифӣ гардид.
Дар нимаи дуюми рӯз бо ибтикори Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато вохӯрии машваратии миллӣ роҷеъ ба муҳокимаи коркарди пешниҳоди лоиҳавии ЮНЕСКО оид ба “Коҳиш додани сатҳи осебпазирии аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ аз рахна шудани кӯлҳои пиряхӣ” доир гардид.

Лоиҳаи “Коҳиш додани сатҳи осебпазирии аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ аз рахна шудани кӯлҳои пиряхӣ” аз ҷониби Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баҳри маблағгузорӣ ба Фонди адаптатсионӣ ба маблағи 5 млн. доллари амрикоӣ пешниҳод гардида буд. Ҳадафи лоиҳаи мазкур ба паст намудани хатар вобаста ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани осебпазирии обхезӣ бино бар сабаби рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ дар Осиёи Марказӣ бо роҳи ҷорӣ намудани чораҳои илмӣ - иҷтимоии адаптатсионӣ равона гардидааст.

Дар фарҷоми нишаст ба иштирокчиён Пешниҳодот оид ба лоиҳаи минтақавии мазкур ҷиҳати омӯзиш ва баррасӣ пешкаш гардид.

Чорабинӣ бахшида ба муаррифии Маърӯзаи умумиҷаҳонии СММ доир ба вазъи захираҳои обӣ барои соли 2017

Нигористон

Тақвим