Ҷаласаи клубҳои ЮНЕСКО

28.04.2017 13:55

28 апрели соли 2017 Шӯъбаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Федератсияи миллии Клубҳои ЮНЕСКО ҷаласаи Клубҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистонро баргузор намуд.

Клубҳои ЮНЕСКО баҳри пешбурд ва амалӣ намудани ҳадафҳои ЮНЕСКО дар самтҳои илм, фарҳанг ва маориф таъсис дода шудаанд.

Дар рафти ҷаласа иштирокдорон дар бораи фаъолияти кунунӣ ва нақшаҳои минбаъдаи клубҳояшон суханронӣ намуда,  барои беҳтар намудани кори Федератсияи клубҳои  ЮНЕСКО пешниҳоду андешаҳои худро иброз доштанд.

Ҳамзамон дар рафти ҷаласа 5 аъзои нав ба узвияти клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистон қабул гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа ба аъзои клубҳои ЮНЕСКО гувоҳинома  барои идомаи фаъолият ба муддати 1 сол супорида шуд. 

Ҷаласаи клубҳои ЮНЕСКО

Нигористон

Тақвим