Ҷаласаи клубҳои ЮНЕСКО

13.07.2018 16:10

13 июли соли 2018 Шӯъбаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Федератсияи миллии Клубҳои ЮНЕСКО ҷаласаи Клубҳои ЮНЕСКО-ро дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор намуд.

Клубҳои ЮНЕСКО баҳри пешбурд ва амалӣ намудани ҳадафҳои ЮНЕСКО дар самтҳои илм, фарҳанг ва маориф таъсис дода шудаанд.

Дар рафти ҷаласа иштирокчиён дар бораи фаъолияти кунунӣ ва нақшаҳои минбаъдаи клубҳояшон суханронӣ намуда, барои беҳтар намудани кори Федератсияи клубҳои  ЮНЕСКО пешниҳоду андешаҳои худро иброз доштанд.
Бояд қайд кард, ки то имрӯз 22 клуб дар доираи ЮНЕСКО фаъолият мекард, ва дар рафти ҷаласа 6 аъзои нав ба узвияти клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистон қабул гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа ба аъзои клубҳои ЮНЕСКО шаҳодатнома   барои идомаи фаъолият ба муддати 2 сол супорида шуд.

Ҷаласаи клубҳои ЮНЕСКО

Ҷаласаи клубҳои ЮНЕСКО

Нигористон

Тақвим