
Дар Донишгоҳи шаҳри Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон брифинги матбуотӣ доир ба Конференсияи байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд ва Конференсияи сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 20-22 –юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гузаронида шуд.
Хабарнигорони агентии иттилоотии “ТВ ТУЛӮЪ”, “Салом Ватандор”, Иттиҳоди журналистони вилоятҳои шимолу шарқи ҶИА, журналистони радиои “Омӯ”, “Бонувон”, моҳномаҳои “Бадахшон”,“Садои Ҳақ” ва маҷаллаи “Лоҷвард”, масъулони ҳукумати вилояти Бадахшон, роҳбари намояндагии вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, ходимони илму фарҳанг ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар чорабинии зикргардида иштирок намуданд.
Нахуст маълумоти муфассал доир ба Конференсияи байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ва натиҷаи он ба иттилои иштирокчиён расонида шуд.
Намоиши телевизионии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи манзур шуда, нуқтаҳои асосии суханронӣ бахусус доир ба бетафовут набудани Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба вазъияти кунунӣ дар кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоли он, ҷонибдории Тоҷикистон барои саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон, зарурати расонидани кумакҳои саривақтӣ ба мардум ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар, таъкид карда шудааст.
Сипас, маълумот доир ба масъалаҳои ҳалталаб марбут ба захираҳои обӣ, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишҳои кишварамон баҳри мусоидат ба ҳалли мушкилоти истифодаи самараноки захираҳои обӣ, инчунин оид ба Конференсияи дарпешистодаи сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва натиҷаҳои брифинг бахшида ба ҳамоиши мазкур, ки 28 майи соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд, ба иттилои расонаҳо расонида шуд.