Барқияи табрикии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

09.09.2017 15:07

Mohammad-Ashraf-Gani.jpg

Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба унвони  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба муносибати таҷлили бисту шашумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Бародари азиз, Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Иҷозат бидиҳед ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон самимонатарин маротиб табрикоти хешро ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми дӯст ва бародари он кишвар иброз намоям.

Муштаракоти ғании динӣ ва фарҳангӣ миёни миллатҳои бо ҳам бародари мо равобити дӯстонаи миёни кишварҳои моро тавсеа додааст. Ман аз густариши ҳамкориҳо миёни Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда, онро ба нафъи миллатҳои мо медонам.

Ман зимни ризоият аз равобити мавҷуд миёни кишварҳои мо орзу дорам ин равобит бо гузашти замон танаввӯъ ва таъмини бештар ёбад.

Сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шумо ва саодат ва тараққии мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон орзӯи ман аст».

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg