
Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Доктор Абдулло Абдулло 13 — уми майи соли 2017 бо сафари корӣ ба вилояти Бадахшони ҶИА ташриф овард.
Дар ин сафар А.Абдуллоро ҳайати вазирон ва кормандони олирутбаи ҳукумат, аз он ҷумла, Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷа, Н.Дурронӣ, вазири инкишофи деҳот, М.Фирӯз, вазири тандурустӣ, вазирони маориф, фавоиди омма, вакилони Маҷлиси намояндагони Парлумон( Фавзияи Куфӣ, Г.Акбарӣ ва А.Инъомӣ) сардори Ситоди Қувваҳои Мусаллаҳ М.Яфтал ҳамроҳӣ карданд.
Зимини ин сафар ҳайати мазкур, дар маросими ифтитоҳи шоҳроҳи Баҳорак-Ишкошим (108 км) иштирок намуда ва бо иштирокчиёни амалиёти поксозии ноҳияи Зебок ва фаъолони вилоят мулоқот анҷом доданд.