
Сомонаи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва алифбои форсӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет фаъол гардонида шудаст, ки дар таърихи таъсисёбии ин муассиса таҷрибаи нав мебошад (нишонии сомонаhttp://badakhshantajcons.org/tj).
Дар сомонаи навтаъсиси Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, маводи вобаста ба рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон, фаъолияти Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати корҳои хориҷӣ дар самти Афғонистон, Консулгарӣ, муносибатҳои дуҷонибаи ҶТ ва ҶИА, сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ, сайёҳат, бахусус табиати биҳиштосои Ватани азизамон бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ пайваста инъикос меёбанд ва ба таври доимӣ таҷдид карда мешаванд. Бахши алоҳидаи сомона, ба баргардони мақолаву мусоҳибаҳои Президенти мамлакат ва вазири корҳои хориҷӣ, ба ҳуруфоти форсӣ, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои шимол ва шимолу шарқи Афғонистон ба нашр расидаанд, бахшида шудааст.
Саҳифаи асосии сомона бо навиштаҷоти Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон роҳандозӣ гардида, бо муқаддасоти миллӣ – Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оро дода шудааст.
Барои ба таври содда дастрас гардидани хабару маълумот дар сомонаи Консулгарӣ рубрикаҳои алоҳида, аз ҷумла «Асосӣ», «Тоҷикистон», «Президент», «Вазорат», «Консулгарӣ», «Раводид», «Сайёҳӣ» ва бахшҳои «Президенти Тоҷикистон», «Вазири корҳои хориҷӣ», «Хабарҳои охирин», «Хабарҳои Тоҷикистон» /системаи RSS мавҷуд мебошад, ки барои фавран паҳн шудани мавод оид ба рӯйдодҳои охири Тоҷикистон ва ҷаҳон хизмат мекунад.
Дар сомона, нишон ва иқтибоси раводиди электронӣ https://www.evisa.tj/index.evisa.html, www.visa.gov.tj ва сомонаҳои шарик гурӯҳбандӣ шудааст. Инчунин дар сомона имконияти ҷой намудани лавҳаҳо оид ба ҷашнҳои давлатӣ ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Саҳифаҳои сомонаи Консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоии “facebook” ва “twitter” фаъол аст ва барои хонанда, имкони хуби шиносоӣ бо ахбори саривақтии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистонро фароҳам меоварад. Дар қисмати поёни сомона маълумоти умумӣ оид ба вақт дар Душанбеву Кобул ва обу ҳаво ҷойгир аст.
Шоистаи ёдоварист, ки маводи иттилоотӣ бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ ба таври таъҷилӣ тарҷума ва баргардон шуда, дар сомона ҷой карда мешаванд ва дар наздиктарин фурсат, тавсеаи ҳамкориҳо бо мақсади табодули иттилоот бо рӯзномаву ҳафтанома ва сомонаҳои муътабари Афғонистон дар назар гирифта шудааст.